Озмуни «Авто-Бону-2017» ҷамъбаст гардид

Март 6, 2017 10:52

ДУШАНБЕ, 06.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни Рӯзи Модар ва Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо ташаббуси Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо рӯзномаи «Top-antibiotic.com», дар автодроми автоматикунонидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнии пойтахт озмуни «Авто-Бону-2017» доир карда шуд.
Тавре аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, муовини Вазири корҳои дохилӣ Икром Умарзода тамоми иштирокчиёни озмун ва дар симои онҳо тамоми занону модаронро бо идашон табрик намуда, ба онҳо хушбахтию тансиҳатӣ, хонаободию комёбиҳои беназир таманно намуд.
Зикр гардид, ки озмуни «Авто-Бону-2017» барои баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии занону духтарони ронанда, таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва таблиғи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ равона шуда, он аллакай миёни занону духтарон маҳбубияти хос пайдо намудааст.
Озмун аз даврҳои «Ман ва автомобилам» (муаррифӣ ва ороиши автомобил), «Донандагони қоидаҳои ҳаракати роҳ», «Саволу ҷавоб дар самти расонидани ёрии аввалини тиббӣ» ва «Маҳорати кадбону» иборат буда, иштирокчиён барои нишон додани маҳорати худ ба се гурӯҳ ҷудо карда шуданд.
Барои санҷиши натиҷаи иҷрои шартҳои озмун аз тарафи иштирокчиён ҳайати ҳакамон созмон дода шуда, онҳо шурӯъ аз намуди ороиши автомобилҳо, ки бахшида ба Рӯзи Модар ва фасли баҳор зебу зиннат дода буданд, то донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳам назариявӣ ва амалӣ баҳогузорӣ намуданд.
Аз натиҷаи иҷрои шартҳои озмун Заррина Магомедова, ки чор фарзанди хурдсолаш барои дастгирии ӯ ҳамроҳ омада буданд, ҷойи аввалро ишғол намуда, соҳиби мукофоти асосӣ — сертификат бо маблағи 3000 сомонӣ гардид. Ҷойи дуюм насиби Парвина Зайдуллоева бо сертификати 2500 сомонӣ гардида, ҷойи сеюмро иштирокчии фаъоли дигар Таҳмина Рабиева ба даст овард ва мутобиқан соҳиби сертификат бо маблағи 2000 сомонӣ шуд. Инчунин барои ороиши мошин ва кадбонуи беҳтарин 10 нафар иштирокчиёни озмун бо туҳфаҳои алоҳида сарфароз гардонида шуданд.
«Ҳамчунин ба тамоми иштирокчиёни озмун аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ «Ифтихорнома» ва гулдастаи зебо тақдим гардиданд. Озмуни «Авто-Бону-2017» дар сатҳи баланд доир гардида, иштирокчиён ва ҳаводорону тамошобинони он таасуроти хуб бардоштанд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

 

Март 6, 2017 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Туркия таҳким меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«ТОЗАГИИ СОҲИЛ». Дар сойи Тебалайи шаҳри Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои водигии Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок дорад
Чат-боти Доно доир ба кор бо муроҷиати муштариён маълумот медиҳад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии исломӣ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг баррасӣ шуд
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишкадаи технологияҳои иттилоотии Чанчжоуи Чин ҳамкориро густариш медиҳанд