Бори нахуст гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ аз тариқи қатора ба вилояти Хатлон ташриф меоранд
ДУШАНБЕ, 27.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, таваҷҷуҳи доираҳои соҳибкорӣ ва сайёҳӣ барои боздид аз имкониятҳои сайёҳии кишвари мо марҳила ба марҳила афзуда, дар ин ҷода бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, аз қабили кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ, автомобилӣ ва роҳи оҳан, роҳандозии имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, муаррифӣ намудани захираҳои сайёҳии мамлакат дар бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Натиҷаҳои иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ, аз ҷумла, Намоишгоҳи калонтарини байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2018, ки дар он намояндагони соҳаи сайёҳии мамлакат бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ширкат намуда, имкониятҳои сайёҳии Ватанамонро муаррифӣ карданд, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои хориҷи дуру наздик шартномаҳои зиёди ҳамкорӣ бастанд. Иштирок дар ин Намоишгоҳи бонуфузи байналилалӣ натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард.
Ширкати сайёҳии ватании “Ориент Адвентур” бо ширкати сайёҳии “Lernidee Erlebnisreisen GmbH”-и давлати Германия ҳамкорӣ ба роҳ монда, ширкати мазкур аз кушода шудани роҳи оҳани Тирмиз — Бохтар хеле хушҳол шуда, тасмим гирифтаанд, ки моҳҳои июн, август ва октябри соли равон боздиди 3 гурӯҳи сайёҳонро, ки ҳар гурӯҳ зиёда аз 100 нафарист, тавассути ин ширкат бо хатсайри зикршуда ба Хатлонзамин ташкил намоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки вилояти Хатлон барои рушди сайёҳии экологӣ ва таърихию фарҳангӣ хеле мувофиқ буда, алахусус мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, оромгоҳи Хоҷа Машҳаду мавзеи Чилучорчашма дар ноҳияи Шаҳритус, оромгоҳи Зайналобуддин дар ноҳияи Дӯстӣ, мазори Ҳазрати Султон дар ноҳияи Ховалинг, Шаршараи “Сари хосор” дар ноҳияи Балҷувон, Чилдухтарон дар ноҳияи Муъминобод ва даҳҳо дигар мавзеъҳо таваҷҷуҳи шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб месозанд.
Айни ҳол, аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ маводи зиёди иттилоотӣ аз нашр бароварда шудаанд, ки маконҳои тамошобоби вилояти Хатлонро фаро гирифта, тариқи ройгон миёни ҳаводорони сайру саёҳат паҳн гардида истодаанд.
Қобили зикр аст, ки ширкати сайёҳии «Lernidee Erlebnisreisen GmbH» тавассути қатора сайёҳонро ба Осиёи Миёна ва дигар кишварҳо барои саёҳат бурда, дар соҳаи сайёҳӣ таҷрибаи калон дорад.
Бори нахуст соли гузашта ширкати ватанӣ ба як гурӯҳи 100- нафараи сайёҳон, ки аксарияти онҳо аз Амрико буданд, бо хатсайри мазкур бо қатораи «ORIENT-SILKROADEXPRESS»–и ин ширкат хизмат расонид ва сайёҳон аз шаҳри бостонии Хуҷанд боздид намуданд.










«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд






