АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: РАВАНДҲО, ПАДИДАҲО ВА ТАҲДИДҲО. Имрӯз дар ин мавзӯъ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» мизи мудаввар доир гардид

Апрель 26, 2018 14:03

ДУШАНБЕ, 26.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  «Дар шароити  пуртазоду зудтағирёбандаи ҷомеаи муосир — рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ  ва авҷ гирифтани  ҷанги сард дар бархе аз нуқоти дунё воситаҳои ахбори оммаи кишвар, хусусан расонаҳои давлатиро зарур аст, ки нисбат ба ин раванд зиракии сиёсиро ҷиҳати таъмини  амнияти иттилоотӣ аз даст надода, дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ, ки аз хориҷи кишвар таҳррезӣ ва таҳвил мегарданд, сипарвор истодагарӣ намоянд». Чунин зикр шуд дар ҷараёни  мизи мудаввар, ки имрӯз дар Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» дар мавзӯи «Амнияти иттилоотӣ: равандҳо, падидаҳо ва таҳдидҳо» доир гардид.

Дар мизи мудаввар, ки он бо ташаббуси  Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» баргузор карда шуд, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Академияи илмҳо,  намояндагони  вазорату идораҳои дахлдор, воситаҳои ахбори омма ва олимону коршиносони масоили амнияти иттилоотии мамлакат   ширкат  намуданд.

Директори  АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ дар оғози нишаст тазаккур дод, ки дар илми сиёсатшиносӣ имрӯз мафҳуми нав – «ҷанги иттилоотӣ» ё «муборизаи иттилоотӣ» хеле маъмул гаштааст, ки дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳанӯз соли 2009 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳушдор дода буданд. Сарвари давлат моҳи марти соли 2012 дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик низ доир ба ин масъала изҳори андеша намуда, изҳор доштанд, ки дар шароити  ҷаҳонишавӣ, ки падидаи нави замони муосир аст, давлатҳо, ҳизбу созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида барои пешбурди манфиатҳои худ муборизаи иттилоотиро ба муқобили ҳамдигар беш аз пеш вусъат медиҳанд.

Воқеан ҳам, имрӯз доираҳои муайяне аз хориҷи кишвар барои пиёда сохтани нақшаҳои худ бо истифода аз маблағҳо ва фиребу фитна алайҳи Давлат,  Ҳукумат, муқадассоти миллии мо, фарҳанг, забон, расму оини миллатамон   садо баланд мекунанд, ба сӯи     мардуми мо  санги маломат мепартоянд.  Ва, мутаассифона, ин корро бо дасти худи ҳаммиллатони мо мекунанд. Мубоҳаса, жожхоӣ ва беҳудагӯии иддае аз рӯшанфикрони мо роҷеъ ба номи забони давлатии Тоҷикистон ва «иқдомҳо»-и охири «Диссернет» — ба ном созмони маҷозӣ  мисоли барҷастаи ин гуфтаҳост.

Дар ин росто   мебояд дар муқобили чунин ҳуҷумҳои иттилоотии аз хориҷа тарҳрезишаванда  посухҳои муносиб дод, зеро таъмини амнияти иттилоотии кишвар дар шароити ниҳоят тезу тунди ҷомеаи байналмилалӣ ҷузъи таркибии  амнияти миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдорист.

Мушовири бахши Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, доктори илмҳои филология, профессор Масрур Абдуллозода баргузории чунин нишастро дар  мавзӯи  таъмини  амнияти иттилоотӣ аз сӯи АМИТ «Ховар» муҳим  ва саривақтӣ маънидод намуда, зикр кард, ки  расонаҳои давлатӣ  бояд дар муборизаи иттилоотӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ фаъол бошанд.

Ҳамзамон Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода хотиррасон  намуд, ки Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти иттилоотии кишвар  ду ҳуҷҷати ниҳоят муҳим – Консепсияи  амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсисияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро  барои солҳои 2008-2012 таҳия ва қабул намудааст, ки   ин ду санад ба ҳифз ва таъмини амнияти иттилоотии кишвар нигаронида шудаанд. Таъкид гардид, ки дар масъалаи таъмини  амнияти иттилоотӣ  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкории густурдаро бояд ба роҳ монад, то кишварамонро аз ҳар гуна хавфу хатарҳои иттилоотӣ ҳифз намоем ва дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ   бошем.

Алҳол дар фазои иттилоотии Тоҷикистон  7 шабакаи телевизиони давлатӣ,  4 радиои миллӣ, 1 агентии миллии иттилоотӣ, 10 агентии иттилоотии хусусӣ, инчунин 50 ташкилоту муассисаҳои  радиоиву телевизионӣ фаъолият менамоянд, ки саҳми онҳо дар таъмини амнияти иттилоотии мамлакат  басо муассир аст.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади таъмини амнияти иттилоотии кишвар ва истодагарӣ дар муқобили хатару чолишҳое, ки ба амнияти иттилоотӣ  таҳдид мекунанд,   инфрасохтори техникии  ВАО ниёз ба такмил дошта, инчунин омода намудани мутахассисони ҳирфаии технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсисонӣ, донандагони  забонҳои хориҷӣ ва дорои донишҳои сиёсӣ ниҳоят зарур аст,  то холигии фазои иттилоотиро бо маводҳои ҷолиб, ки воқеъияти кишвари  моро ба ҷаҳониён инъикос карда тавонанд, тавассути ВАО ва дигар шабакаҳои  иҷтимоӣ пурра созанд.

Ҳамзамон дар нишаст намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният, олимону коршиносони бахши амнияти иттилоотӣ, масъулини расонаҳои давлатӣ роҷеъ ба ҷойгоҳи ВАО  ва таъсири  он  дар таъмини амнияти иттилоотӣ, роҳҳои фаъолгардонии марказҳои матбуотии вазорату идораҳо, ходимони дин, инчунин истифодаи таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷӣ дар самти таъмини  амнияти иттилоотӣ, таҳдидҳои  иттилотӣ дар ҷаҳони муосир  ва таъсири он  ба фазои иттилоотии Тоҷикистон сухан карда,  пешниҳодҳои муфид ироа намуданд.

Дар иртибот ба таъмини амнияти иттилоотии мамлакат иштирокчиёни мизи мудаввар муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Сайфулло Сафаров, намояндагони Суди Олии Тоҷикистон Беҳруз Шафо, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсон Сафарзода, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Саъдӣ Исматов (Маҳдӣ), мудири шуъбаи сиёсатшиносии Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Рустам Ҳайдаров, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии МТС-и назди Президенти ҶТ Маъруф Абдуҷабборов, мудири кафедраи амнияти иттилоотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Силмон Мавлоназаров, муовини аввали сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Моҳира Сангмаҳмадова ва дигарон фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодоти ҷолиб баён намуданд. Гуфта шуд, ки набояд дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотӣ бетарафиро ихтиёр кард ва хомӯш буд, зеро дар шароити ҷаҳонишавӣ, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омили асосии таъмини суботу амният ва оромии ҷомеа, рушду шукуфоии кишварамон мебошад, пас ҳушёрии сиёсиро набояд аз даст дод.

Дар фарҷом ширкаткунандагони мизи мудаввар ба масъулини вазорату идораҳо,  воситаҳои ахбори омма, адибону олимон ва мутахассисону коршиносон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии мамлакат Тавсиянома қабул намуданд.

Апрель 26, 2018 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад