Дар вилояти Суғд бо ҳузури Азим Иброҳим масоили зимистонгузаронӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи кории Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 зери роҳбарии муовини Сарвазир Азим Иброҳим баргузор гардид.
Зимни пешниҳоди гузориши омодагӣ ба давраи зимистон муовини раиси вилоят зикр намуд, ки дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ омода намудани соҳаҳои хоҷагии халқ, алалхусус соҳаҳои иҷтимоӣ, ташкилоту муассисаҳои хизматрасон ва сохторҳои ҳудратӣ дар вилояти Суғд аз ҷониби сохторҳои дахлдор як зумра корҳои омодагӣ амалӣ карда шуданд.
Муовини Сарвазир вобаста ба гузориши пешниҳодшуда ва ҳолати кунунии омодагии вилоят ба давраи зимистони солҳои 2018-2019 аз муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои вилоятӣ ва муассисаҳои дахлдор доир ба сабабҳои сари вақт ва бо сифат омода нашудани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт, захираи маводи ғизоӣ, зидди лағжиш, сӯзишворӣ ва нақшабандии беасоси баъзе соҳаҳои хоҷагии халқ пурсиш ба амал овард.
Мутобиқи маълумоти оморӣ, хӯроки чорво танҳо барои 7-8 фоизи чорвои хоҷагиҳои деҳқонии вилоят захира гардидааст, аммо барои 92-93%, ки бахши хусусиро ташкил мекунад, аз ҷониби сохторҳои масъул маълумот пешниҳод нагардид ки ин сабаби ташвиш мебошад.
Ҳамзамон аз тарафи Гурӯҳи корӣ нақшабандии соҳаҳо дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят бе ҳисобу китоби дақиқ ва муайян сохтани талаботи воқеии соҳа амалӣ мегардад, ки ин комилан ҷавобгӯи талабот намебошад.
Инчунин муовини Сарвазир вобаста ба таъмин намудани ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла Вазорати мудофиа бо маводи ғизоӣ, либоси гарм, пойафзол, сӯзишворӣ ва дигар маводи зарурӣ барои давраи зимистони солҳои 2018-2019, ки Агентии таъминоти амволи махсус бояд таъмин намояд, изҳори нигаронӣ намуд.
Вобаста ба масъалаҳои интиқоли барқ, ҷамъоварии маблағи он ва дигар мушкилоти соҳа супориш дода шуд, ки Гурӯҳи махсуси корӣ барои воқеъбинона баҳогузорӣ кардани ҳолати кунуни соҳа ба вилоят равон карда шавад ва аз натиҷаи он Гузориши дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардад.
Дар интиҳо муовини Сарвазир аз масъулини вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд даъват ба амал овард, ки то 1 декабри соли ҷорӣ ҷиҳати комилан баратараф кардани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.








Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд






