Муроҷиатномаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба дӯстдорони саёҳат ва сафар
ДУШАНБЕ, 19.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба хуруҷи COVID-19 дар аксари мамлакатҳо ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат муроҷиат намудааст, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ намоянд.
Муроҷиатномаи Кумитаи рушди сайёҳиро, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» ворид шуд, пешкаши хонандагон мегардонем:
«Ҳамватанони азиз,
дӯстдорони саёҳат ва сафар!
Хуруҷи вируси сироятии COVID-19 аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, аз мо масъулияти баланди пешгирии роҳҳои паҳншавии он тавассути ҳамкории дастаҷамъонаро дар ин самт тақозо менамояд.
Қобили тазаккур аст, ки хуруҷи вируси сироятии COVID-19 дар айни замон соҳаи сайёҳиро яке аз бахшҳои аз ҳама осебпазир гардонидааст ва ниҳоди байналмилалии соҳавӣ — Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ дурнамои рушди соҳаро дар робита ба воридоти туризми байналмиллалӣ дар соли 2020 таҷдиди назар кардааст.
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ширкатҳои сайёҳӣ ва дӯстдорони сайру саёҳат муроҷиат менамояд, ки то муътадил гардидани вазъият аз ташкили саёҳатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ва аз хориҷ ба ҷумҳурӣ муваққатан худдорӣ кунанд. Ин тадбир ба хотири эмин нигоҳ доштани шаҳрвандони мамлакат аз ин маризии сироятист, ки соат ба соат дар кишварҳои ҷаҳон доман паҳн мекунад».
Акс аз бойгонӣ








ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид






