САРИ ХОСОР: аҳамияти ҷиддӣ ба рушди сайёҳӣ ва беҳтар намудани инфрасохтор

Апрель 29, 2020 11:24

БАЛҶУВОН, 29.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Балҷувон, бахусус  дар мавзеи Сари Хосор баҳри рушди соҳаи сайёҳӣ ва беҳтар намудани  инфрасохтор аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Дар ин мавзеъ, ки дар ҳама фасли сол табиати зебо дорад,  барои сайёҳон шароити зарурӣ муҳайё гардида истодааст. Дар фасли зимистон ҷангалзор ва кӯҳҳои Сари Хосор ҷомаи сафеди махмалин мегиранд ва дар ин ҷо баъзан то якуним  метр барф меборад. Масъулини бахши сайёҳии ноҳия  мақсад доранд, ки дар ин мавзеъ лижаронию дигар намуди варзиши зимистонаро ба роҳ монанд, менависад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛОВ.  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки «рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як зумра  имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. То имрӯз дар мамлакат зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дошта, 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархурдор гардидаанд. Зарур аст, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад».

Новобаста ба бориши барфи зиёд ва сардӣ оби шаршараи Сари Хосор ба таври ҳамешагӣ ҷорӣ мебошад. Назди шаршара соли гузашта як меҳмонхонаи чорситорадори замонавӣ ба истифода дода  шуд. Дар ин меҳмонхона аллакай даҳҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ истироҳат намуда, бо табиати дилфиреби мавзеи Сари Хосор шинос шуданд.

Тавре раиси Ҷамоати деҳоти  «Сари Хосор» Ҳасан Иброҳимзода иттилоъ дод, «дар меҳмонхона утоқҳои барҳаво ва шароити зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Барои шиносоӣ бо ин мавзеъ, ҳайвоноту наботот ва табиату сарватҳои табиии Тоҷикистон дар ин ҷо осорхона ташкил шудааст, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ имкон доранд аз он дидан кунанд. Дар паҳлуи меҳмонхона майдончаи хурди футбол сохта шудааст, ки дар фасли зимистон низ дар он футболбозӣ мекунанд. Имсол дар назди меҳмонхона хаймаҳо гузошта мешаванд, то сайёҳон зимни боздид аз онҳо истифода баранд».

Балҷувон мавзеи туризми байналхалқӣ эълон шудааст ва дар ин мавзеъ барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, шикорӣ, табобатӣ ва ғайра имкониятҳо фароханд. Сохтмони меҳмонхонаи чорситорадор ва дигар меҳмонхонаҳо, ташкили варзиши лижаронию қаиқронӣ, аспсаворӣ ва шикор таваҷҷуҳи сайёҳонро ба ин минтақа бештар ҷалб менамояд.

Апрель 29, 2020 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ идома доранд
Фарҳанги пурғановати Тоҷикистон дар Туркманистон муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Доир ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон дар ИДМ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз мегардад
«ДОСТОНИ ХУДШИНОСӢ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Пагоҳ Душанбе мизбони Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» оғоз гардид
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Мутахассисони соҳа бояд, ки истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд»