«Субҳи беғуруб»-и шоир Ато Мирхоҷа ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 19.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «ЭР-граф» маҷмӯаи ашъор, достон ва манзумаҳои шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода Ато Мирхоҷаро таҳти унвони “Субҳи беғуруб” ба нашр расонда, дастраси хонандагон намуд.
Маҷмӯа ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳдо гардида, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интишор ёфтааст.
Ато Мирхоҷа дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки дар китоб манзумаҳои «Субҳи беғуруб» (бахшида ба Иҷлосияи 16-уми сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Истиқлол» (бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон), «Анҷумани наврӯзӣ» (бахшида ба мулоқоти Пешвои миллат бо зиёиён), «6 ноябри соли 2017», (эҳдо ба ифтитоҳи Боғи устод Айнӣ дар таъмири тоза), достонҳои «Нуристон» (роҷеъ ба сохтмони НБО-и “Роғун”), «Ҷони ширин» (бахшида ба Ваҳдати миллӣ) ва шеърҳое, ки бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суруда шудаанд, гирдоварӣ гардидаанд.
Муҳаррири маҷмӯа Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло мебошад.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад






