Вазорати кишоварзӣ: «Бигроза» ва «Ред скарлет» вориди Тоҷикистон шуданд
ДУШАНБЕ, 19.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини хоҷагиҳо ба воситаи Фонди Оғохон ба ҷумҳурӣ 509,28 тонна тухми репродуксионии навъи «Бигроза» ворид намуда, ба хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118,780 тонна, Хатлон 75,50 тонна, Бадахшон 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намуд. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Инчунин аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО ООН) ба мамлакат 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ворид гардид, ки 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт фиристода шуд.
Ин тадбирҳои саривақтӣ имконият фароҳам оварданд, ки ба ҳолати 13 майи соли равон дар ҷумҳурӣ 250 88 га кишти картошка гузаронида шавад, ки тибқи нақшаи дурнамо 63,9 % -ро ташкил медиҳад.
Ҳамаи ин омилҳоро ба инобат гирифта, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хоҷагидорони мамлакат тавсия медиҳад, ки ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар порча замин саҳми арзанда гузоранд. Зеро ҳеҷ кас монанди деҳқон забони замин, набзи замин ва талаби заминро дарк карда наметавонад.








Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард






