ҲАМРОХОН ЗАРИФӢ АЗ НАТИҶАҲОИ КОНФРОНС ҚАНОАТМАНД АСТ
Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ зимни нишасти матбуотӣ дар бораи аҳамияти конфронс сухан ронда, зикр намуд, ки иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти онро дучанд афзуд. Қайд карда шуд, ки дар суханронии Президент проблемаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва минтақавӣ таҳлил карда шуданд. Дар конфронс пешниҳод карда шуд, ки барои муҳокимаи ҳамаҷониба ва ҳалли проблемаҳои об иҷлосияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ гузаронида шавад. Ҳ.Зарифӣ изҳор намуд, ки натиҷаҳои конфронс на танҳо барои мамлакатҳои ҷаҳон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ ва хусусан Тоҷикистон аҳамияти калон доранд. «Пешниҳодҳо ва мулоҳизаҳои иштирокчиёни конфронс дар масъалаи банақшагирӣ ва сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва нақши онҳо дар бобати пешгирии фалокатҳои табиӣ барои мо хеле муҳим аст», — гуфт вай. Ҳадафи конфронс ҷамъ овардани коршиносону мутахассисони мамлакатҳои ҷаҳон ва бо иштироки онҳо муҳокима кардани ҳамаи проблемаҳои вобаста ба об буд. Ҳамаи ҳадафҳое, ки Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба ин конфронс ба миён гузошта буд, ба даст омаданд, гуфт вазири корҳои хориҷӣ. Вай зикр кард, ки дар фарҷоми конфронс Эъломияи Душанбе қабул гардид. Ин ҳуҷҷат масъалаҳои асосӣ ва пешниҳодоти амалии иштирокчиёни конфронсро дар бобати ҳалли проблемаҳои мавҷуда дар бар мегирад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






