ДАР ЛОНДОН МУҶАССАМАИ ЁДГОРИИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҲАЛОКШУДА КУШОДА ШУД
Мувофиқи маълумоти СММ, танҳо соли 2007 дар саросари ҷаҳон 177 журналист ба ҳалокат расидааст. Хусусан шумораи хеле зиёди намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ дар Ироқ ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд ё ба ҳалокат расиданд. Солҳои охир ҳуҷум ба кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ воқеаи муқаррарӣ гардидааст. Онҳо зимни иҷрои вазифаи касбии худ, хусусан зимни инъикоси амалиёти ҷангӣ, муноқишаҳо ё фалокатҳои табиӣ ҳаёти худро зери хатар мегузоранд. Дар аксари мавридҳо хабарнигорон барои маводи чопкардаашон ҳадафи ҳуҷум қарор дода мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» зикр менамояд, ки дар Тоҷикистон солҳои ҷанги дохилӣ бештар аз 70 журналист ҳалок шуд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






