ЭРОН БА ДЕҲҚОНОНИ ТОҶИК КӮМАК МЕРАСОНАД

Июнь 28, 2008 11:59

Куруши Парвизиён баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр кард, ки ҳамроҳи Сарвари давлат масъалаҳои сари вақт ҷудо кардани маблағ барои сохтмони нерӯгоҳи барқии «Сангтӯда-2», туннели мошингарди «Чормағзак» ва барномаҳои дигари дар соҳаи кишоварзӣ амалишаванда муҳокима карда шуданд. «Эрон қарор додааст, ки дар Тоҷикистон ҳамроҳи яке аз бонкҳои маҳаллӣ муассисаи муштараки молиявй таъсис дода, ба деҳқонони тоҷик кӯмаки моддӣ расонад. Муассисаи мазкур инчунин бо мақсади хариди техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ таъсис дода мешавад», — гуфт меҳмони эронӣ.

Июнь 28, 2008 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш