ҚУВВАОЗМОИҲОИ НАВБАТИИ ДАСТАҲОИ ФУТБОЛИ ЛИГАИ ОЛӢ
Душанбе, 8 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). -Қувваозмоиҳои навбатии мусобиқоти қаҳрамонии дастаҳои футболи лигаи олии мамлакат баргузор мегарданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имрӯз дастаҳои «Равшан» — и Кӯлоб бо дастаи «Регар – Тадаз», дастаи «Вахш» бо дастаи «Гвардия» қувваозмоӣ мекунанд. 8 июл қувваозмоии дастаҳои ЦСКА «Помир» бо дастаи «Парвоз» — и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва дастаи «Энергетик» бо дастаи «Хуҷанд» ва 9 июл қувваозмоии дастаи «Динамо» — и шаҳри Душанбе бо дастаи «Равшан» ба нақша гирифта шудаанд. Аз рӯи натиҷаи қувваозмоиҳои гузашта дар байни бозингарони дастаҳои футболи лигаи олӣ узви дастаи «Парвоз» Нӯъмонҷон Ҳакимов ҷойи аввалро ишғол менамояд, ки ба дарвозаи ҳарифон 13 тӯб задааст. Ҷойи дуюмро узви дастаи «Энергетик» Сӯҳроб Ҳамидов бо 11 тӯб ишғол мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






