ФИЛМҲОИ ТОҶИКӢ ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Душанбе, 7 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 7 июл дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷашнвораи байналмилалии филми «Авруосиё» оғоз мешавад, ки дар доираи он танҳо офаридаҳои коргардонҳои Осиёи Марказӣ ба намоиш гузошта мешавад. Дар ҷашнвораи мазкур 70 филм намоиш дода мешавад, ки коргардонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанде аз филмҳои худро ба он пешкаш мекунанд. Маврид ба ёдоварист, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Афғонистон низ ҷашнвораи байналмилалии дигари синамо идома мекунад, ки дар он филмҳои драмматурги шинохтаи тоҷик Шодӣ Солеҳ таҳти унвони «Нони Раштон», «Рӯшноӣ», «Гул», ва «Ҳаром ва Ҳалол» ба намоиш гузошта мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






