МӮҲСИН МУҲАММАДИЕВ ДИРЕКТОРИ ДАСТАИ ФУТБОЛИ «РУБИН» ТАЪИН ШУД
4 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Футболбози машҳури собиқи тоҷик Мӯҳсин Муҳаммадиев ба қарибӣ директори варзишии дастаи футболи «Рубин» — и Русия таъин шуд.М.Муҳаммадиев соли 1966 дар Душанбе таваллуд шудааст. Фаъолияти варзишии ӯ соли 1984 дар дастаи футболбозони ҷавони «Пахтакор» — и шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз ёфта буд. Мӯҳсин Муҳаммадиев дар давоми фаъолияти худ дар дастаҳои футболи «Помир» — и Душанбе, «Локомотив» — и Маскав, «Аустрия» — и Вена ва ғайра бозӣ кардааст. Ӯ иҷозатномаи байналхалқии фаъолияти тренерии дараҷаи «А» дорад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд






