МОҲИ СЕНТЯБР ДАР ДУШАНБЕ АНҶУМАНИ 7-УМИ ҒАЙРИНАВБАТИИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНО
Ин чорабинии муҳим дар радифи ҷашни 1150-солагии устод, одамушуарро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузаронида мешавад. Бо ин мақсад Кумитаи тадорукоти ин чорабинӣ созмон дода шудааст. Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонои ҷаҳон «Пайванд», бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани Анҷумани ҳафтуми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон фаъолияти худро бобати амалӣ гардонидани нақша- чорабиниҳои Кумитаи тадорукот, ки аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, равона намудаанд. Дар Анҷуман меҳмонон аз 30 давлати ҷаҳон, аз кишварҳои Амрикову Аврупо, ма-молики Шарқи Дуру Наздик ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ме-намоянд, гуфт зимни мусоҳиба ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабаонони ҷаҳон «Пайванд» Зафар Зарифов. Мавсуф афзуд, ки меҳмонон дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1150-солагии қофиласолори назми тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ширкат менамоянд. Меҳмонони Анҷуман ба минтақаҳои гуногуни кишварамон сафар карда, ёдгориҳои таърию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо менамоянд ва бо фаъолияту рӯзгори сокинони он шинос мегарданд. Хусусан, меҳмонон ба зодгоҳи падари шеъри форсӣ -Абӯабдулоҳи Рӯдакӣ- деҳаи Панҷрӯд рафта, оромгоҳи шоирро зиёрат менамоянд. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пай-ванд» китобе доир ба рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ нашр мегардад. Ҳамзамон Зафар Зарифов гуфт, ки дар остонаи баргузории Анҷумани ҳафтуми ғайринавбатии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон 14-умин шумораи маҷаллаи «Пайванд» бо забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ ва англисӣ чоп мешавад, ки дастовезе хоҳад гардид ба-рои иштирокчиёни Анҷуман. Бояд тазаккур дод, ки Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» моҳи октябри соли 1989 таъсис дода шуда, фаъолияти худро барои фароҳам сохтани фазои мусоид ҷиҳати густариши робитаҳои ҳамаҷониба, бахусус, ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ бо ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ нигаронидааст.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






