МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ АФ
Вазири умури дохилаи Афғонистон баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбат бо хабарнигорон зикр намуд, ки ҳамроҳи Сарвари давлати Тоҷикистон дигаргуниҳо дар ҳаёти мардуми афғон ва дастовардҳои онро дар мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор баррасӣ намудааст. Қайд карда шуд, ки соли гузашта бори аввал дар таърихи фаъолияти политсияи Афғонистон дар миқёси мамлакат 250 килограм маводи нашъадор мусодира ва несту нобуд карда шуд. « Мо ҳамчунин ҳуҷҷатҳои ҳамкории дар байни вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистону Афғонистон имзошударо баррасӣ кардем», — гуфт З.Муқбил. Умед аст, ки ҳамкории мо дар оянда ба манфиати таъмини амнияти кишварҳоямон ва саросари минтақа густариш хоҳад ёфт. Қайд карда шуд, ки соли гузашта дар Афғонистон бештар аз 25 ҳазор гектар киштзори кӯкнор нобуд карда шуд. Дар ин давра дар мубориза ба муқобили қочоқчиён 1119 корманди политсия ҳалок шуд.








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






