ОҚИБАТИ ФАЛОКАТҲОИ НАҚЛИЁТ

Июль 4, 2008 15:47

Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода).- 3 июл дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи фалокатҳои роҳу нақлиёти ба қайд гирифташуда 7 нафар ҳалок ва 12 нафар маҷрӯҳ шуд. Тибқи хабари Раёсати назорати давлатии автомобилии ВКД ҷумҳурӣ ҳамон рӯз дар километри 30 — юми роҳи мошингарди Душанбе — Қӯрғонтеппа дар ағбаи Фахробод корманди Агентии назорати маводи нашъадори ҷумҳурӣ Сафар Бобоев ҳалок шуд. Ӯ дар ҳудуди учаскаи Киров мошинро идора карда натавонист, дар натиҷа мошин ба ҷарӣ афтод. Худи ронанда ва ҳамсафари ӯ Холмоҳ Файзуллоеваи 51 сола дар ҷойи воқеа ҳалок шуданд. Қайд карда мешавад, ки С.Бобоев сардори шӯъбаи дуюми раёсати зудамали ҷустуҷӯи Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти ҷумҳурӣ шуда кор мекард.

Июль 4, 2008 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид