МУЛОКОТИ ЭМОМАЛ&

Август 25, 2008 16:10

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Жуогуро ба ҳузур пазируфт.Дар вохўрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти давлати Чин барои дастгирии намоён аз рушди иҷтимоию иқтисодии кишвари мо арзи сипос намуда, нақши Бонки содироту воридотро дар татбиқи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвари ҳамсоя муҳим арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки сармоягузории се лоиҳаи бузурги инвеститсионии Тоҷикистон- сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқи Ҷануб-Шимол, Лолазор-Хатлон ва азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок бо нақби Шаҳристон ва иншооти зиддитармавӣ маҳз аз ҷониби ҳамин бонк сурат мегирад.Ли Жуогу изҳор дошт, ки Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ ҳамкории пурсамари худро бо Тоҷикистон идома ва густариш медиҳад. «Мо омодаем дар сармоягузории сохтмони нерўгоҳҳои обии барқӣ, истихроҷ ва истифодаи васеъи захираҳои фаровони ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок, сохтмон ва азнавсозии роҳҳо ва бисёр дигар лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, иштироки фаъол дошта бошем», — таъкид намуд Раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин.Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ оѓоз меёбад ва ба имзо расидани санадҳои нави ҳамкорӣ ба рушди муносибатҳои бисёрсоҳаи ду кишвар такони ҷиддӣ мебахшад.

Август 25, 2008 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид