Рушди иҷтимоию и

Август 21, 2008 10:39

Масоили рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои дурдасти кишвар зери ѓамхории ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Қабул шудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Мастчоҳи  вилояти Суѓд барои солҳои 2008-2015 боз як гувоҳии возеҳ аз татбиқи чунин сиёсат аст.Барномаи номбурда барои иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки моҳи июни соли 2007 ҳангоми сафари кориаш ба ноҳияи Мастчоҳ баён гашта буданд, таҳия шудааст. Барнома афзоиши истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам, азхудкунии заминҳои боқимондаи дашти Дилварзин, беҳтарсозии таъминоти аҳолӣ бо оби нўшокӣ, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва афзун кардани иқтидори корхонаҳои мавҷуда, истихроҷи канданиҳои фоиданок, ба маротиб зиёд намудани қарздиҳии бонкҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна ва дигар корҳои муҳимро дар назар дошта, ба  муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ва баландбардории сатҳи зинадагии мардум равона мегардад.Дар давраи солҳои 2008-2015 мутобиқи барномаи мазкур ба иқтисодиёти ин ноҳия 102,8 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ ва 26,5 миллион сомонӣ инвеститсияи хориҷӣ равона карда мешавад.То соли 2015 маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба соли 2006 1,5 маротиба афзуда, ҳаҷми он ба 140 миллион сомонӣ баробар хоҳад шуд.  Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ зиёд гардида, то соли 2015 аллакай 10673 тонна нахи пахта дар ҳудуди ноҳия коркард мешавад ва истеҳсоли ришта дар ин давра қариб 4 баробар афзун хоҳад шуд. Дар давраи татбиқи барнома қариб 2 ҳазор ҷойҳои нави корӣ омода мегардад.Дар натиҷаи татбиқи босамари барнома ҳамчунин сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои соҳаи маориф ва хизматрасонии тиббии аҳолӣ низ дар ноҳияи Мастчоҳ хеле беҳтар хоҳад шуд.

Август 21, 2008 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд