ТОҶИКИСТОН САРҲ&
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Давлатзода). – Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мулоқоти сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, сарҳадҳои худро аз 24 то 30 август баст. Дар замина посгоҳҳои сарҳадӣ дар байни мамлакатҳои ҳамсоя, аз ҷумла, Афғонистон баста шуданд. Ин тадбири пешгирикунанда ба зарурати таъмини амнияти мулоқоти сарони давлатҳо дар рӯзҳои мулоқот вобаста мебошад, ки 28 август шурӯъ мегардад. Марзбонон ғайр аз бастани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва минтақаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ барои таъмини амният дар минтақаи сарҳад тадбирҳои иловагӣ меандешанд. Аз ҷумла, дар сарҳади Афғонистон дар самти Панҷ посгоҳҳои иловагӣ гузошта шуданд. Бо ин мақсад дар дохили мамлакат низ тадбирҳои иловагии таъмини амният андешида мешаванд. Кормандони милиса ва хадамоти махсус айни ҳол ба ҳолати омодабош оварда шудаанд. Онҳо корхонаю муассисаҳои дорои аҳамияти стратегӣ, истгоҳҳои марказии нақлиёт ва ҷойҳои гузаронидани мулоқотро муҳофизат мекунанд. Тавре хабар дода шуда буд, дар мулоқот сарони давлатҳои Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок хоҳанд кард. Инчунин, ташрифи сарони давлатҳои Эрону Ҳиндустон, Покистону Муғулистон ва мамлакатҳои мушоҳиди созмон пешбинӣ карда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






