ТОҶИКИСТОН САРҲ&

Август 25, 2008 18:09

         Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда  Давлатзода). – Тоҷикистон  дар  доираи омодагӣ  ба  мулоқоти  сарони  давлатҳои  аъзои  Созмони  Ҳамкории  Шанхай,  ки  дар  шаҳри  Душанбе  баргузор  мегардад,  сарҳадҳои  худро  аз  24  то  30  август  баст.  Дар  замина  посгоҳҳои  сарҳадӣ  дар  байни  мамлакатҳои  ҳамсоя,  аз  ҷумла,  Афғонистон  баста шуданд. Ин тадбири  пешгирикунанда  ба   зарурати таъмини  амнияти  мулоқоти  сарони  давлатҳо  дар  рӯзҳои  мулоқот  вобаста мебошад, ки  28  август  шурӯъ  мегардад. Марзбонон   ғайр  аз  бастани   гузаргоҳҳои  сарҳадӣ  ва  минтақаҳои тиҷорати  наздисарҳадӣ барои таъмини  амният  дар  минтақаи  сарҳад  тадбирҳои  иловагӣ  меандешанд. Аз  ҷумла,  дар  сарҳади  Афғонистон  дар  самти  Панҷ  посгоҳҳои  иловагӣ  гузошта шуданд.         Бо ин мақсад  дар  дохили  мамлакат низ  тадбирҳои иловагии таъмини  амният  андешида  мешаванд. Кормандони  милиса  ва  хадамоти  махсус  айни  ҳол  ба  ҳолати  омодабош оварда шудаанд. Онҳо  корхонаю  муассисаҳои  дорои  аҳамияти  стратегӣ,  истгоҳҳои  марказии  нақлиёт ва  ҷойҳои  гузаронидани  мулоқотро   муҳофизат  мекунанд.           Тавре  хабар  дода шуда буд, дар  мулоқот  сарони  давлатҳои  Чин, Қазоқистон, Қирғизистон,  Русия,  Тоҷикистон ва  Ӯзбекистон иштирок  хоҳанд  кард. Инчунин,  ташрифи   сарони  давлатҳои  Эрону  Ҳиндустон,  Покистону  Муғулистон ва  мамлакатҳои мушоҳиди  созмон   пешбинӣ  карда  мешавад.

Август 25, 2008 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад