ҚӮТОСПАРВАРӢ СОҲАИ ДАРОМАДНОК
Душанбе,26 август.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 500 сар қӯтос парвариш меёбад. Макони парвариши қӯтосҳо асосан ноҳиҳои Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон ва Шуғнони вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, инчунин кӯҳистони Мастчоҳ ва ноҳияи Айни вилояти Суғд мебошад. Дар ҷумҳурӣ барои афзун намудани саршумори қӯтос ва зиёд намудани гӯшту шири аз ҷиҳати экалогӣ қимматбаҳо имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, барои амалӣ сохтани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба «Барномаи рушди соҳаи қӯтоспарварӣ барои солҳои 2008-2015» Вазорати кишоварзӣ тадбирҳои самараноктарро рӯҳандозӣ мекунад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






