ҚОНУНӢ ГАРДОНДАНИ ДАРОМАДИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МАВОДИ НАШЪАДОР
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Дирӯз дар маркази матбуоти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон маросими шиносоӣ бо маҷмӯи ҳуҷҷатҳои «Афғонистон ва Созмони ҳамкории Шанхай гарави таъмини амният ва сиёсати геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ» конфронс баргузор гардид. Онро Бунёди ҷамъиятии профессори кафедраи сиёсатшиносоӣ ва журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи славянии Қирғизистону Русия Александр Князев баргузор намуд. Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои марбут ба нақш ва саҳми Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳалли проблемаҳои имрӯзаи Афғонистон муҳокима шуданд. Иштирокчиёни конфронс А. Князев, доктори илми иқтисод А.Мигранян ва номзади илми таърих К.Абдуллоев дар бораи конфронси байналхалқии дар ҳамин мавзӯъ дар Қирғизистон баргузор гардида сухан ронданд. А.Князев зикр кард, ки бӯҳрони Афғонистон мисли пештара яке аз проблемаҳои ҷиддитарини сиёсати имрӯзаи байналхалқӣ ба шумор меравад. Дар Афғонистон баъди оғози амалиёти зиддитеррористии ИМА амалиёти террористӣ авҷ гирифта, истеҳсоли маводи нашъадор чандин баробар афзуд. Ин на танҳо ба амнияти худи Афғонистон, балки ба амнияти мамлакатҳои ҳамсоя хавфи ҷиддӣ дорад. Проблемаҳои Афғонистонро бо роҳи истифодаи зӯрӣ ва ҷанг ҳал кардан мумкин нест. Барои ин роҳи гуфтушунидро пеш гирифтан зарур аст, ки дар он бояд тамоми сохторҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва қавму қабилаҳои мамлакат иштирок намоянд. Созмони ҳамкории Шанхай кафолати ба роҳ мондани гуфтушунид ва муколамаро дар дохили Афғонистон ба зимма гирифта метавонад, гуфт А.Князев. Дар конфронс проблемаҳои вобаста ба иқтисодиёти Афғонистон низ муҳокима шуданд. Қайд карда шуд, ки бо роҳи қонунӣ гардонидани даромади хариду фурӯши маводи нашъадор бисёр проблемаҳои иқтисодии Афғонистонро ҳал кардан мумкин аст.








31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад






