ҲАФТАНОМАИ «ВЕЧЕРНЫЙ ДУШАНБЕ» ДАР ВАҚТАШ «СТАЛИНОБОД» НОМ ДОШТ

Август 19, 2008 18:36

           Имрӯз  бисёр  хонандагони  ҳафтанома  намедонанд, ки   пеш аз  чопи  рӯзномаи «Вечерный Душанбе» низ  дар  пойтахти  ҷумҳурӣ рӯзномаи  алоҳидаи  шаҳрӣ  чоп  мешуд.           Корманди Агентии  миллии  иттилоотии «Ховар»,  иштирокчии  Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ Олег Дмитриевич  Соболев  ёдовар  мешавад, ки  Кумитаи  Марказии  Ҳизби  Коммунисти  Тоҷикистон моҳи   марти соли 1958  дар  бораи таъсиси рӯзномаи  шаҳрӣ қарор  қабул  кард ва  охири  ҳамон моҳ шумораи аввали рӯзномаи  мазкур  таҳти  унвони «Сталинобод» аз  чоп  баромад. Рӯзноманигори  маъруф  Ғоиб Қаландаров  сармуҳаррири он таъин  гардид. О.Д.Соболев  дар  рӯзномаи нав  ба  шӯъбаи  саноат ва  сохтмон  роҳбарӣ  мекард. Ася Гордон  мудири  шӯъбаи  фарҳанг, Вадим  Сергеев котиби  масъул  ва ҳуқуқшинос  Василий  Криворучко  мудири  шӯъбаи  мактубҳо  таъин  гардиданд. Дар  рӯзнома  ҳамчунин журналистон Даниелов, Малсагова ва  Стотская  кор мекарданд.            Рӯзнома   тӯли моҳҳои  аввал   бо ҳаҷми  хурд  ҳамагӣ,  дар  чор  саҳифа  чоп  мешуд. Баъд ба туфайли  кӯшиш  ва ҷаҳду  талоши  Ғ.Қаландаров  рӯзнома  дар  ҳаҷми  рӯзномаи  калонҳаҷми  «Правда»  чоп  карда шуд. Се  саҳифаи  рӯзнома  ба   забони русӣ  ва  саҳифаи чоруми  он  ба   забони тоҷикӣ  нашр  мешуд.            Рӯзнома  на танҳо  дар пойтахт,  балки  дар  саросари  ҷумҳурӣ  обрӯю  эътибори калон  пайдо карда буд. Адади  нашри он  ба  65  ҳазор  нусха  расид.  Вале  нашри рӯзнома баъди  як  сол  вобаста ба  моҷарои  изофанависӣ  ва   сохтакорию  қаллобӣ  дар  соҳаи  пахтакорӣ  қатъ  гардид. Шумораи охирини рӯзномаи шаҳрии  «Сталинобод» моҳи  марти  соли 1959  чоп  карда шуд. Кормандони он  ба  ҳар  тараф  пароканда шуданд. Олег Дмитриевич  Соболев баъди   баста  шудани рӯзномаи  шаҳрии  «Сталинобод»  ба  Агентии  миллии иттиллотии  Тоҷикистон «Ховар» ба  кор  омад ва  49  сол  боз  дар  ҳамин  ҷо  кор мекунад.            Соли 1968  масъалаи  дубора  барқарор  сохтани  рӯзномаи  шаҳрӣ ба  миён  гузошта шуд. Ҳамин  тариқ  ҳамон вақт рӯзномаи  «Вечерный Душанбе»  таъсис  дода шуд. Ҳаёт  нишон  дод, ки  чунин  рӯзнома  барои пойтахти  ҷумҳурӣ ва  сокинони он  зарур  мебошад. Рӯзномаи  «Вечерный  Душанбе  айни ҳол ба  ҳафтанома табдил  ёфтааст.                                                       АМИТ «Ховар»                    Тарҷумон – Қудратов А.

Август 19, 2008 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт