13 САНАДИ ҲАМКОРӢ МИЁНИ ҶТ ВА ҶМЧ БА ИМЗО РАСИД

Август 27, 2008 11:42

Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ маросими имзои асноди ҳамкорӣ баргузор гашт, ки зимни он  13  санади муҳим ба имзо расид.Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  оид ба густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ имзо гузоштанд.Ҳамчунин ба имзо расиданд:Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин   дар солҳои 2008-2013; Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дўстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин; Созишнома байни Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистон ва Дафтари Шўрои байналмилалии забони чинӣ дар бораи ҳамкорӣ;Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин   оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;Созишномаи заминавӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар бораи вусъат ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар бораи ҳамкории техникию иқтисодӣ (Кўмаки бебозгашт ҷиҳати сохмони нақби Шар-Шар);Санади қабул ва таҳвил (кўмаки техникии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин  ба маблаѓи 40 млн. юани чинӣ);Мубодилаи мактубҳо байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар бораи тамдиди ҷуброни қарзи бефоизи пешниҳодгаштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин  ба маблаѓи 50 млн. юани чинӣ;Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин  оид ба ҳамлу нақли автомобилӣ;Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин:Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;Ёддошти тафоҳум  байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Компанияи чинии «Zijin international Mining Co.,Ltd»;Қобили таъкид аст, ки мутобиқи санади ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии кишвари мо аз ин бонк 400 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

Август 27, 2008 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад