А. ҒУЛОМОВ: «ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ СҲШ ГУСТ
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 26 август дар Душанбе маҷлиси раёсати Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, Муншии умумии СҲШ Булат Нургалиев, роҳбарони ҳайатҳои миллии Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Асадулло Ғуломов иштирокчиёни маҷлисро аз номи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба диёри Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки тайи солҳои охир ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, бахусус давлатҳои аъзои СҲШ вусъат ёфтааст. «Бо боварии комил гуфтан мункин аст, ки баъди мулоқоти навбатии сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе ин ҳамкорӣ боз ҳам бештар вусъат ёфта, гардиши мол ва татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ байни ин давлатҳо меафзояд», идома дод А. Ғуломов. Муншии умумии СҲШ Булат Нургалиев иброз дошт, ки тибқи низомномаи Шӯрои тиҷоратии СҲШ ҳадафи асосии фаъолияти он мусоидат ба вусъати ҳамкории иқтисодӣ, ба роҳ мондани равобити мустақим, муносибатҳои тиҷоратию молиявӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои аъзо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол ҳамкориро бо мамлакатҳои аъзои созмон гестариш медиҳад. Аз ҷумла, чанде пеш дар Душанбе намоишгоҳи миллии Чин ва намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои вилояти Мозандарони Эрон ташкил карда шуданд. Илова бар ин, дар натиҷаи ҳамкорӣ қисми зиёди сармоя ба Тоҷикистон аз Русия, Чин ва Эрон ворид мегардад. Дар маҷлис масъалаҳои дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии кишварҳои узви СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






