АВВАЛИН МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛ ДАР НАЗДИ БИНОИ ТОЗАБУНЁДИ ҚАСРИ МИЛЛАТ

Август 27, 2008 09:59

Имрўз сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфт. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари давлатии Роҳбари аввали Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.Субҳи имрўз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао дар чаҳорчўбаи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон нахуст ба майдони «Дўстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию фарҳангии миллати бостонии тоҷик арҷгузорӣ намуд.Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои пуршукўҳи тантанавӣ бо иштироку ҳамроҳии ҷузъу томҳои Горди ифтихории Тоҷикистон ва ҳунарнамоии оркестри низомии асбобҳои нафасӣ  ҷараён гирифт.Маросими истиқболи расмии  Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао дар назди бинои навбунёду боҳашамати «Қасри миллат» дар фазои тантанавӣ баргузор гашт.Ба ифтихори  ташрифи давлатии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин афрохта  шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтаоро истиқбол гирифта, ўро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд. Дар ҳамин асно ба ифтихори сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ба Тоҷикистон садои 21 шиллики тўпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гашт.Сипас фармондеҳи  горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао    аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао  ҷониби Парчами давлатии кишвари мо эҳтиром ба ҷо овард.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао  бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд. Дар маросими расмии истиқболи Раиси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао ҳамчунин корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуд.Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин чорабинии расмӣ ва умуман расман ба кор шурўъ намудани Қасри Миллат аст, ки тайи чанд соли охир бо усулҳои хосси меъмории муосиру бостонӣ ва ороишоти суннатии ниёгони шўҳратманди ориёии тоҷикон бунёд ёфтааст. Расми гузашти низомии ҷузъу томҳои  Горди ифтихории Тоҷикистон аз назди Сарони ду давлат анҷомбахши маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао шуд. Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ  дар ҳамин бинои боҳашамату пурҷило нахуст   мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао  баргузор гашт.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтаоро бо ҷараёни бобарори Бозиҳои Олимпии Пекин ва натиҷаҳои баланди нишондодаи варзишгарони Чин табрику таҳният гуфт ва изҳор намуд: «Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалиятҳои волои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао низ муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои муҳимми сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии кишвари худ арзёбӣ намуд.

Август 27, 2008 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад