БА ҚОҲИР РАСУЛЗОДА НИШОНИ АЪЛОЧИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ СУПОРИДА ШУД
Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар вилоят соли 2007 барои беҳтар сохтани вазъияти соҳа аз буҷети давлат 28 миллион сомонӣ ҷудо карда шуда буд. Ҳамон сол барои тармими муассисаҳои тиббӣ ба таври илова аз буҷети вилоят боз 3 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Инчунин аз Хазинаи эҳтиётии Президенти Ҷумҳурӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ду миллион сомонӣ ҷудо кардид. Қ.Расулзода зикр кард, ки имрӯз дар вилоят шифохонаҳои нав сохта, марказҳои нави саломатӣ ва шифохонаҳои хусусӣ ташкил карда мешавад. Соли 2008 барои харидани хуни донорҳо, дору барои иштирокчиёни ҷанг ва бо дору таъмин намудани кӯдакони навзоду бачагони маъюб аз буҷети вилоят се миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. Зикр шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ расондани кӯмакро ба муассисаҳои тиббӣ давом хоҳад дод. Ба муносибати иди касбии духтурон ба кормандони беҳтарини соҳа мукофотҳо супорида шуданд. Ба ин муносибат дар маркази вилоят ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои озмуни «Духтури беҳтарин» ҷамъбаст карда шуд. Дар фарҷоми ҷамъомад консерти калон баргузор гардид.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






