Д.МЕДВЕДЕВ БА ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ БАРОИ ДАСТГИРИАШОН ИЗҲОРИ СИПОС НАМУД
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова).- Президенти Федератсияи Русия Д.Медведев 28 август зимни суханрониаш дар маҷлиси Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ изҳор намуд, ки яке аз ҳадафҳои асосии таъсиси СҲШ дарки зарурати ҳамоҳанг сохтани ҷидду ҷаҳдҳо барои таҳкими суботи вазъият ва амнияти минтақа мебошад. Имрӯз аҳамияти ин масъала торафт меафзояд. Мо дар ин бобат риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқиро риоя намуда, аз мафкураи зиддияти гурӯҳҳо ва созмонҳо сарфи назар хоҳем кард. Вай зикр намуд, ки бо вуҷуди ин мутаассифона кӯшишҳои бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани проблемаҳо дар шароити имрӯза ба назар мерасанд. Яке аз намунаҳои чунин вазъият Иристони Ҷанубӣ мебошад. Тавре ки маълум аст, Гурҷистон мехост бо роҳи зӯрӣ ва таҷовуз ин ҷумҳурии кӯчакро тасарруф кунад. Ба хубӣ маълум аст, ки Гурҷистонро ба ин иқдоми ғайриоқилона кӣ ташвиқ намуда, онро барои ба даст овардани ҳадафҳои ғаразноки худ истифода бурдааст. Чунин муносибат дар шароити имрӯза қобили қабул нест ва бояд қатъан пешгирӣ карда шавад. Мо дар чунин шароити мураккаб сиёсати пурмасъулият ва оқилонаи худро дар минтақа давом медиҳем, гуфт Президенти Русия. Дмитрий Медведев ба сарони давлатҳои аъзои СҲШ барои дастгирии мамлакаташ дар ин масъала изҳори сипос намуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






