ДАР БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ НАМОЯНДАГОНИ 43 МАМЛАКАТ СОҲИБИ МЕДАЛ ГАРДИДАНД

Август 18, 2008 17:15

Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- То 14 август дар ҷараёни мусобиқаҳои Бозиҳои олимпӣ дар Пекин аз 205 дастаи иштирокчӣ 43 дастаи мунтахаб медалҳои гуногун ба даст овард.Дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон низ ба ҳамин гурӯҳ шомил аст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки варзишгарони Чин дар байни мамлакатҳои дигар аз ҳама зиёд медал ба даст оварданд. Онҳо то имрӯз соҳиби 22 медали тилло гардидаанд. Дар ҷойи дуюм дастаи мунтахаби ИМА қарор дорад. Варзиш-гарони амрикоӣ то 14 август 13 медали тилло гирифтанд. Дастаи мунтахаби Олмон бо 8 медали тилло ҷои сеюмро ишғол мекунад. Хабар дода мешавад, ки варзишгарони Чин танҳо рӯзи 14 август соҳиби панҷ медали тилло гардиданд. Иштирокчиёни бозиҳои олимпӣ барои ба даст овардани 16 даста медал мубориза мебаранд.

Август 18, 2008 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд