ДАР ДУШАНБЕ АНҶУМАНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН ОҒОЗ ГАРДИД

Август 20, 2008 13:42

Дар он намояндагони созмонҳои маъюбони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат доранд. Роҳбари ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе Асадулло Зикрихудоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки ҳадафи анҷуман бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Эрон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон қабул кардани Эъломияи ҳуқуқи маъюбон дар кишварҳои минтақа мебошад. Зеро, соли гузашта чунин анҷуман дар шаҳри Одессаи Украина бо иштироки ҷамъиятҳои маъюбони кишварҳои собиқ шӯравӣ баргузор гардид, ки ҳадафҳояш то имрӯз амалӣ нагаштаанд. «Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки аввалан ҳадафҳои ба беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии маъюбон равона кардаамонро дар ҳудуди 4-5 мамлакат амалӣ намоем ва сипас тадриҷан онро вусъат бахшем», — идома дод роҳбари созмони маъюбони шаҳри Душанбе. А. Зикрихудоев афзуд, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ 142 ҳазор маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 80 ҳазор нафари онҳо аъзои Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ва 7 ҳазор нафар аъзои ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе мебошанд. Ҳадафи қабули эъломия ҳамаҷониба ҳифз намудани ҳуқуқҳои онҳост, зеро имрӯз дар Тоҷикистон 90 фоизи маъюбон бекоранд ва нафақаи онҳо дар шароити имрӯза хеле ночиз аст. Аз ин хотир, дар анҷумани мазкур эъломияи ҳуқуқи маъюбонро қабул намуда, онро ба баррасии маҷлиси сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе пешниҳод менамоем, — гуфт А. Зикрихудоев. Анҷумани мазкур то 24 август давом мекунад.

Август 20, 2008 13:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад