ДАР КӮЛОБ ДӮКОНҲОИ РӮЗНОМАФУРӮШӢ БАРҚАРОР КАРДА МЕШАВАНД
Директори муассисаи алоқаи шаҳр Талаб Нозимов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар давоми даҳ соли охир дар шаҳри Кӯлоб ягон дӯкони рӯзномафурӯшӣ кор намекунад. Танҳо шахсони алоҳида дар баъзе ҷойҳо ба фурӯши рӯзномаю ҳафтаномаҳо машғуланд. Онҳо ҳам асосан ҳафтаномаҳои гайридавлатӣ ва хусусиро пешкаши харидорон мегардонанд. Бояд гуфт, ки матбуоти даврӣ ба минтақаи Кӯлоб баъди чанд рӯзи чоп шудани онҳо оварда мешаванд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки соли таҷлили 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб мувофиқи нақшаи генералии шаҳр дар назди тамоми истгоҳҳои нақлиёт дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ гуозшта шуда буданд. Вале имрӯз ҳамаи онҳо ба нуқтаҳои савдои молҳои атторӣ ва воситаҳои аудиою видео табдил ёфтаанд. Супориши раиси шаҳр ҳаводорони воситаҳои ахбори оммавиро умедвор месозад, ки вазъият дар ин масъала ояндаи наздик беҳтар хоҳад шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






