ДАР МАЙДОНИ ҲАВОИИ ХУҶАНД АЗ ДОХИЛИ ДОНАҲОИ ЗАРДОЛУИ ХУШК МАВОДИ НАШЪАДОР ЁФТ ШУД
Аз маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳангоми аз назар гузаронидани бағоҷи мусофирони ҳавопаймои Хуҷанд-Челябинск аз дохили бағоҷи мусофир Бӯрӣ Ҳалимзода зардолуи хушк ёфт шуд. Номбурда даруни донаҳои шикастаи зардолу 159 адад бастачаи селофании маводи нашъадори «ҳашиш»-ро ҷой кардааст, ки вазнаш 436,1 граммро ташкил медиҳад. Қочоқчӣ мехост маводи шашъадорро ба Федератсияи Русия барад. Айни ҳол нисбати Бӯрӣ Ҳалимзода тибқи моддаҳои 32, қисми 3, 200, қисми 2 ва 289, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Ҷинояти ӯро прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд тафтиш мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






