ДУШАНБЕ БА МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ТАЙЁРӢ МЕБИНАД
Дар шаҳр пештоқи биноҳо оро дода, роҳу кӯчаҳо ва боғҳо ба тартиб оварда мешаванд. Иштирокчиёни мулоқот 28 август дар Душанбе ҷамъ меоянд. Тавре хабар дода шуда буд, рӯзномаи мулоқот қаблан дар ҷараёни маҷлиси вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои созмон тасдиқ шуда буд. Рӯзнома 9 масъаларо дар бар мегирад. Қисми зиёди корҳои омодагӣ ба мулоқот ба зиммаи вазорати корҳои хориҷӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузошта шудаанд. Айни ҳол маҳалли гузаронидани маҷлисҳо, мулоқотҳо ва маҳалли истиқомати ҳайатҳо, меҳмонон ва хабарнигорон муайян карда шудааст. Мулоқоти асосии сарони давлатҳо дар саробӯстони ҳукуматӣ дар шаҳри Душанбе ва саробӯстони берунишаҳрӣ дар ноҳияи Варзоб баргузор мегарданд. Иштирокчиёни мулоқот Баёнияи муштарак ва Эъломияи Душанберо қабул хоҳанд кард. Дар ин ҳуҷҷатҳо мавқеи аъзои созмон дар бораи нақш ва мақоми он дар ҷомеаи байналхалқӣ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ифода карда мешавад. Инчунин ба проблемаҳои Афғонистон бо назардошти таҳдиди терроризм ва интиқоли маводи нашъадор аз қаламрави ин мамлакат диққати махсус дода хоҳад шуд. Сарони давлатҳо баъдан масъалаҳои вусъат додани равобити байналхалқӣ ва қабули мамлакатҳои навро ба узвияти созмон баррасӣ мекунанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






