ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР БИШКЕК
Дар натиҷаи ин фалокат 71 нафар ҳалок гардид. Мусофирони боқимонда маҷрӯҳ шуданд. Айни ҳол маҷрӯҳон дар шифохонаҳо ҷой дода шудаанд. Аз сафоратхонаи Қирғизистон дар Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ дар байни мусофирони ҳавопаймо шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Ҳавопаймо аз Бишкек ба Теҳрон парвоз мекард. Сарнишинони он баъди чанд лаҳзаи парвоз хабар доданд, ки девораи ҳавопаймо сӯрох шудааст ва ба воситаи он ба дохили ҳавопаймо ҳаво дохил мешавад. Ба ҳавопаймо иҷозат дода шуд, ки ба таври таъҷилӣ ба майдони ҳавоӣ фуруд орад. Вале ҳавопаймо баъди ба тарафи дигар баргаштанаш аз парвоз бозмонда ба замин афтод. Зимни фалокат дар ҳавопаймо 83 мусофир ва 7 сарнишин қарор доштанд. Онҳо шаҳрвандони Қирғизистон, Туркия, Чин ва Эрон мебошанд. Аз рӯи баъзе хабарҳо ду нафар баскетболбози машҳури амрикоӣ Самуэл Перкинс ва Ребекка Боннер низ дар ҳамин ҳавопаймо буданд. Онҳо баъди гузаронидани силсилаи машғулиятҳо мебоист 24 август ба Эрон парвоз мекарданд. Инчунин, хабар дода мешавад, ки аъзои дастаи баскетболбозони ҷавони Қирғизистон низ бо ҳамин ҳавопаймо парвоз кардаанд. Аз 17 нафар узви дастаи мазкур 7 нафар зинда монд. Ҳавопаймои сарнагуншуда ба ширкати хусусии ҳавопаймоии «Айтек айр» тааллуқ дошт. Ҳавопайморо ширкати ҳавопаймоии «Осмон» — и Эрон ба иҷора гирифта буд ва он аз Бишкек ба ин мамлакат мусофир мекашонд.








«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
5 август дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мешавад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид






