ФАЛОКАТИ ҲАВОПАЙМО ДАР ФАЗОИ МАДРИД

Август 26, 2008 15:36

Мадрид, 26 август. ( АМИТ «Ховар», Нюсру.Ком).- Яке аз мусофирони бар асари фалокати ҳавопаймои ширкати Испания зиндамонда ба хабарнигорон гуфт, ки вай ва мусофирони дигар  дар аввал дар тарафи яке аз  двигателҳои ҳавопаймо алангаи оташро мушоҳида кардаанд.           Баъди чанд лаҳза  дар ҳавопаймо таркиш ба амал омад ва он ба замин афтод. Мусофири мазкур изҳор намуд, ки  ҳавопаймо баъди  аз сатҳи замин 200 метр баланд шудан ба фалокат дучор шуд. Ба қавли мусофирони зиндамонда, ҳавопаймо якбора  ба замин наафтода, балки  сарнишинон мехостанд, онро фуруд оранд.         Вале ба ақидаи коршиносон,  танҳо  оташ гирифтани двигател сабаби  ба замин афтодани ҳавопаймо намегардад. Ин ҷо  бештар имконияти  амалиёти  террористӣ  ба назар гирифта мешавад.Бар асари ин фалокат  153 нафар ҳалок ва 19 нафари дигар маҷрӯҳ шуд.

Август 26, 2008 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид