ФАЛОКАТИ НАҚЛИЁТ ДАР РОҲИ МОШИНГАРДИ ДУШАНБЕ – ДАНҒАРА — КӮЛОБ
26 август. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). – Аз Раёсати бозрасии давлатии автомобили ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дирӯз бар асари як фалокати нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Данғара — Кӯлоб 10 нафар ҳалок шуд. Хабар дода мешавад, ки 25 август соати 14 – у 25 дақиқа ронандаи мошини сабукрави «Дайво» Маҳмадалӣ Раҳматови 27 – сола дар километри 132 –юми роҳи мазкур бо сабабҳои номаълум мошинро идора карда натавонист ва ба хати ҳаракати муқобил баромад. Дар натиҷа мошини ӯ бо мошини сабукрави «Жигули» бархӯрд, ки онро сокини 44 — солаи ноҳияи Фархор Қадамшоҳ Шарифов идора мекард. Бар асари ин фалокат ҳар ду ронанда ва 8 мусофири дигар ҳалок шуданд. 2 нафари онҳо бачагони хурдсол мебошанд. Ду мусофир бо ҷароҳатҳои вазнин ба шифохона фиристода шуданд. Фалокати дигар дар ноҳияи Рӯдакӣ рух дод. Ронандаи мошини сабукрави «Нексия» Шӯҳрат Раҳмонови 21 – сола дар кӯчаи Ҷавонии деҳкадаи Сомониён ҳаракат карда, 3 пиёдагарди навраси солҳои таваллудашон 1992 ва 1993 – ро пахш кард. Ду нафари онҳо дар ҷои воқеа ҳалок шуданд, нафари сеюм ба шифохона фиристода шуд. Кормандони Бозрасии давлатии автомобил ин воқеаҳоро тафтиш мекунанд.








Кирмакпарварони ноҳияи Рашт 18 тонна пиллаи хушсифат истеҳсол менамоянд
Дар Шаҳритус бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҷамъомади бошукӯҳ доир шуд
Дар дидбонгоҳи гумрукии «Фотеҳобод» айвони нав барои таҳкими назорати гумрукӣ ба истифода дода шуд
Смартфон бо манфиат: чӣ тавр метавон кӯдакро ҳар рӯз инкишоф дод
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«Барномаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. Дар муассисаҳои шаҳри Кӯлоб санҷишу вохӯриҳо баргузор шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30+36 дараҷа гарм мешавад
Доир ба аҳамияти ташаббусҳои Пешвои миллат дар эҳёи адолати таърихӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд
Имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад






