ХУ СЗИНТАО БА МУВАФФАҚИЯТИ САФАРАШ БА ТОҶИКИСТОН БОВАРИИ КОМИЛ ДОРАД
Онҳоро кӯҳҳои баланд ва дарёҳои кӯҳистон ба ҳамдигар мепайванданд. Муносибатҳои анъанавии дӯстонаи ҳар ду давлат таърихи тӯлонӣ доранд. Ин муносбатҳо дар давоми 16 соли гузашта муттасил густариш ёфтанд. Ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният ва гуманитарӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Мамлакатҳои мо проблемаҳои аз гузашта бамеросмондаи сарҳадиро пурра ҳал карда, Муоҳидаи дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориро имзо намуда, ба ҳамдигар дар ҳалли проблемаҳои муҳимтарин кӯмак расонида, инчунин дар доираи созмонҳои байналхалқӣ, аз ҷумла СММ , СҲШ ва ғайра бомуваффақият ҳамкорӣ мекунанд. Ин дар таъмини сулҳу суботи минтақа нақши муҳим мебозад. Раиси давлати Чин, ки барои боздиди давлатӣ ба Тоҷикистон омадааст, гуфт ки зимни мулоқот бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари ҷумҳурӣ натиҷаҳои муносибатҳои дуҷониба ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии рушди минбаъдаи онҳо муайян куарда мешаванд. Боварии комил дорам, ки дар натиҷаи кӯшишҳои ҳар ду ҷониб ин сафар ҳам натиҷаи дилхоҳ дода, бар асари он ҳусни ҳамҷаворӣ дӯсти ва ҳамкории Тоҷикистону Чин бештар густариш дода мешаванд, гуфт Ху Сзинтао.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






