И.КАРИМОВ: « МУНОСИБАТҲОРО БА ПРОБЛЕМАҲОИ АФҒОНИСТОН ТАҒЙИР ДИҲЕМ»
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов зимни суханронӣ дар маҷлиси 8-уми сарони кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе ба болоравии афзоиши хатар ба амнияти минтақа дар робита ба ташаннуҷи вазъ ва амали тундгароӣ дар Афғонистон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуд. Ӯ зикр кард, ки сарфи назар аз кӯшишҳои бесобиқаи Ҳомид Карзай барои барқарор сохтани сулҳу субот дар Афғонистон, вазъи ин мамлакат торафт муташанниҷтар мегардад, ки ин ба кишварҳои минтақа низ бетаъсир буда наметавонад. «Муносибат ба проблемаҳои Афғонистонро усулан бояд таҷдиди назар кард. Ин кишвар ба кӯмаки муассири бештар эҳтиёҷ дорад, то зерсохтори иҷтимоиву иқтисодиро барқарор сохта, мардумро аз вартаи нодориву фақр наҷот бидиҳад», — гуфт сардори давлати Ӯзбекистон. Ислом Каримов ҳалли масъаларо дар муносиботи эҳтиромона ба арзишҳои милливу динӣ арзёби карда, зикр намуд, ки барои мӯътадил сохтани вазъи мамлакат пеш аз ҳама оштӣ додани тарафҳои даргир нақши ҳалкунанда мебозад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






