ИШТИРОКИ Э. РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БОҒИ УСТОД РЎДАКИ
Бегоҳии имрўз бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Боғи устод Рўдакӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ ёфта, расман ба истифода дода шуд.Боғи устод Рўдакӣ имсол ба ифтихори 1150-солагии қофиласолори шеъру адаби тоҷику форс мавриди азнавсозӣ ва ободу зебо кардан қарор гирифт ва дар маркази он пайкараи бузурги шоир гузошта шуд.Намояндагони илму фарҳанг ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт Сарвари фарҳангдўсту фарҳангпарвар ва эҳёгару тарғибкунандаи таърихи пурғановати ниёгони шўҳратмандамон Эмомалӣ Раҳмонро бо ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллӣ истиқбол гирифтанд.Азнавсозии Боғи устод Рўдакӣ дар асоси дастури Сарвари давлат чун армуғони сазовор ба ҷашни 1150-солагии маликушшуаро дар мўҳлати 9 моҳ анҷом дода шуд. Боғи устод Рўдакӣ бо фаввораҳои бешумори дилфиреб ва гулу гулгаштҳои нозанин ҳусну ҷамоли тоза пайдо намудааст. Маблағи азнавсозии боғ ва офариниши пайкараи биринҷии устод Абўабдулло Рўдакӣ, ки 7 метр баландӣ дорад, 32,5 миллион сомониро ташкил додааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳазорон нафар дўстдорони илму адаб ва фарҳанги волои тоҷикон суханронӣ намуда, ин рўйдоди фараҳбахшро ба кулли мардуми кишвар табрику таҳният гуфт ва ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин боғи зебо ва пайкараи пурҷило саҳмгузорӣ намудаанд арзи сипосу миннатдорӣ кард.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев парда аз рўйи пайкараи султони шоирон-Абўабдулло Рўдакӣ бардошта, рў ба мардум кушодани ў ва ифтитоҳи дубораи Боғи устод Рўдакиро баъди азнавсозӣ расман эълон намуданд.Басо гуворо аст, ки дар пайкара симои айёми ҷавонии устод Абуабдулло Рўдакӣ таҷассум ёфтааст.Боғи таҷдидшудаи устод Рўдакӣ имрўз дар масоҳати 12,78 гектар қитъаи замин доман паҳн намуда, дар радифи майдони Дўстӣ, Маҷмааи Ваҳдати миллии Тоҷикистон ва бинои навбунёди боҳашамати Қасри миллат ба як ансамбли нотакрори меъморию фарҳангӣ ва мавзеи гуворои гаштугузори сокинону меҳмонони пойтахти кишвари азизамон табдил ёфтааст.Ин рўйдоди пурарзиши фарҳангӣ, ки дар арафаи ҷашнҳои бузурги соли равон ҷараён гирифт, бо ҳунарнамоии ҳунармандони машҳури театру кино ва консерти бошукўҳи устодони санъати Тоҷикистон ба поён расид.








Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






