ИШТИРОКИ СААД ВОҚЕИЯТИ ОМӮЗИШИ ВАЗЪИЯТИ ҚАФҚОЗРО БЕШТАР МЕГАРДОНАД

Август 28, 2008 11:58

Маскав, 28 август. (АМИТ «Ховар, Ҳалима Хушқадамова). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки намояндагони давлатҳои аъзои созмон дар фаъолияти гурӯҳи нозирони он дар минтақаи муноқишаи Гурҷистону Иристони Ҷанубӣ ширкат меварзанд. Арманистон, Белорусия, Қазоқистон ва Русия изҳор намуданд, ки намояндагони худро дар ҳайати созмон ба ин минтақа мефиристанд. Н. Бордюжа зикр кард, ки айни ҳол дар мамлакатҳои аъзои созмон интихоби номзадҳо давом дорад. Котиботи созмон ба иштироки намояндагони давлатҳои аъзои он дар ҳайати гурӯҳи нозирони ҳарбӣ манфиатдор мебошад. Ин воқеияти омӯзиши вазъияти минтақаро бештар мегардонад, гуфт Николай Бордюжа.

Август 28, 2008 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд