КОНФРОНС БАХШИДА БА 1150 – СОЛАГИИ АБӮАБДУЛЛО РӮДАКӢ
Конфронс бо ташаббуси Кумитаи кор бо занони назди ҳукумати ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Онро раиси вилоят Қодири Қосим кушода дар бораи рӯзгору эҷодиёти Абӯабдулло Рӯдакӣ, тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва тадбирҳои идонаи бахшида ба ҷашни қофиласолори назми тоҷику форс сухан ронд. Сипас раиси Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Хайриниссо Юсуфӣ, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев Лаълчӯба Мирзоҳасанов, Лоло Давлатбеков ва шоира Рудобаи Мукаррам дар бораи аҳамияти мероси адабии Абӯабдулло Рӯдакӣ дар пешрафти адабиёти Шарқ ва ҷиҳатҳои маънавию тарбиявии он сухан ронданд. Баъдан тарбиягирандагони боғчаи бачагонаи шаҳр аз эҷодиёти шоир пораҳо қироат намуданд. Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки ҳунармандони идораи фарҳанги шаҳри Хоруғ консерти калон барпо гардид.








МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ. Аз Тоҷикистон ба зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон парвозҳо ба роҳ монда шудааст






