МАҶЛИСИ РАЁСАТИ ШӮРОИ ТИҶОРАТИИ СҲШ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дар он Муншии умумии созмон Булат Нургалиев, роҳбарони ҳайатҳои миллии Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Дар низомномаи Шӯрои тиҷоратии СҲШ гуфта мешавад, ки сати асосии фаъолияти он мусоидат ба вусъати ҳамкории иқтисодӣ, ба роҳ андохтани равобити мустақим ва муносибатҳои тиҷоратию молиявӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодии мамлакатҳои аъзо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо мамлакатҳои аъзои созмон фаъолияти худро густариш дод. Аз ҷумла, чанде пеш дар Душанбе намоишгоҳи миллии Чин ва намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои вилояти Мозандарон ташкил карда шуданд. Илова бар ин дар натиҷаи ҳамкорӣ қисми зиёди сармоя ба Тоҷикистон аз Русия, Чин ва Эрон ворид мегардад. Айни ҳол дар ҷумҳурии мо 51 барномаи муштарак амалӣ карда мешаванд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






