МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТИҶОРАТИИ СҲШ
Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев).- 26 август дар Душанбе маҷлиси Раёсати Шӯрои тиҷоратии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он муовини аввали сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, муншии умумии СҲШ Булат Нургалиев, роҳбари ҳайати миллии Тоҷикистон дар Шӯрои тиҷоратии СҲШ Шариф Саид ва дигарон ширкат варзиданд. Ш.Саид дар маҷлис зикр кард, ки вазифаи асосии Шӯрои тиҷоратӣ мусоидат ба вусъати ҳамкории иқтисодӣ дар доираи созмон, ба роҳ модани равобит ва муколамаи мустақими тоҷирону соҳибкорони мамлакатҳои аъзои созмон ва ҷалби онҳо ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ мебошад. А. Ғуломов номаи шодбоши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони иштирокчиёни маҷлис қироат кард. Дар он сухан дар бораи хизматҳои шоёни Шӯрои тиҷоратӣ дар масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар байни мамлакатҳои аъзои созмон сухан меравад. Баъдан дар бораи корҳое маълумот дода шуд, ки дар Тоҷикистон бо ташаббуси ҳайати миллии мамлакат ба сомон расонида шудаанд. Баъди чошт ҳайатҳои миллии мамлакатҳои аъзои созмон дар бораи проблемаҳои мавҷуда ва роҳу усулҳои ҳалли онҳо сухан ронданд. Дар фарҷоми маҷлис протокол имзо карда шуд. Иштирокчиёни маҷлис маълумоти Раиси Шӯрои тиҷоратии СҲШ Д.Мезенсевро дар бораи вазъияти имрӯза ва нақшаҳои равнақу ривоҷи ҳамкории мамлакатҳои аъзои созмон, ҳисоботи роҳбарони ҳайатҳои миллӣ ва суханрониҳои роҳбарони вазорату идораҳои Тоҷикистонро ба инобат гирифтанд. Ба роҳбарони ҳайатҳои миллӣ тавсия дода шуд, ки то 1 октябр аз рӯи 4-5 барнома пешниҳодҳояшонро барои муҳокима ирсол намоянд. Ин барномаҳо бо кӯмаки Шӯрои тиҷоратии СҲШ амалӣ карда мешаванд. Шӯрои тиҷоратӣ тавсиа дод, ки таҷрибаи мусбати ташкили намоишгоҳҳо ва мулоқотҳои тиҷоратӣ дар мамлакатҳои аъзои созмон мавриди истифода қарор дода шавад. Машварати кории Шӯрои тиҷоратии созмон 11 сентябр дар шаҳри Иркутск гузаронида мешавад.








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад






