МАКТАБҲОИ НАВ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД
Хуҷанд 29 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова).- Ҳафтаи гузашта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва Зафаробод якбора се бинои мактабҳои нав ба истифода дода шуданд. Мактаби миёнаи рақами 1- уми деҳкадаи Пролетарски ноҳияи Ҷаббор Расулов баъди тармими куллӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба ин муносибат дар саҳни мактаб ҷамъомади серодам баргузор гардид. Дар он раиси вилоят Қоҳир Расулзода иштирок дошт. Мактаби мазкур ҳанӯз соли 1939 сохта шуда буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар бинои мактаб шифохонаи ҳарбӣ ҷой дода шуда буд. Омӯзгорон ду сол пеш зимни мулоқот бо раиси вилоят масъалаи тармими куллии онро ба миён гузоштанд. Баъди ин барои тармими бинои мактаб 200 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Коргарони Ҷамъияти саҳомии «Мададгор» бинои мактабро дар муддати кӯтоҳ аз таъмир бароварданд. Рӯзи ба истифода додани мактаб дар наздикии он нимпайкараи асосгузори адабиёти тоҷику форс Абӯабдулло Рӯдакӣ кушода шуд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки бинои мактаби деҳаи Ғулакандоз бо усули ҳашар бунёд гардид. Бинои он дар ҷои мактаби кӯҳна сохта шуд, ки соли 1965 бунёд карда шуда буд. Мактаб дорои 13 синфхона мебошад. Барои сохтани бинои мактаб хоҷагии кооператвии ба номи А.Самадов маблағ ҷудо кард. Сокинони маҳаллаи якуми ноҳияи Зафаробод дар арафаи соли нави таҳсил ва ҷашни 1150 солагии Абӯабдулло Рӯдакӣ тӯҳфаи арзанда гирифтанд. Дар ин ҷо маросими ба истифода додани мактаби миёнаи рақами 22 баргузор гардид. Ба он номи Абӯабдулло Рӯдакӣ гузошта шуд. Мактаб барои 240 талаба пешбинӣ шудааст. Барои сохтмони он аз буҷети маҳаллӣ 750 ҳазор сомонӣ сарф карда шуд. Дар маросими ифтитоҳи мактаб раиси вилоят Қоҳир Расулзода иштирок намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






