МАРКАЗИ ИТТИЛООТИИ МУЛОҚОТИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СҲШ ФАЪОЛ АСТ
Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). — Дар ошёнаи панҷуми бинои асосии Бонки миллии Тоҷикистон барои хабарнигорони ватанию хориҷие, ки ҷараёни мулоқоти 8-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро инъикос мекунанд, маркази матбуот ташкил шудааст. Дар он якбора 100 нафар хабарнигор рафти мулоқоти сарони давлатҳои СҲШ-ро ба воситаи шабакаи ҷаҳонии Интернет, телефонҳои мобилӣ ва асбобҳои видеовизуалӣ пахш карда метавонад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки мулоқоти сарони кишварҳои узви СҲШ имрӯз баргузор мегардад. Дар он ҳамаи Президентҳои сарони кишварҳои аъзои созмон, инчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод, ҳайатҳои расмии Муғулистон, Покистон, Ҳиндустон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба сифати мушоҳид иштирок доранд. Масъули маркази матбуоти мулоқоти 8-уми сарони давлатҳои аъзои СҲШ Абдуғаффор Қурбонов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар маркази матбуот 100 компютери ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст, 10 дастгоҳи телефон ва 10 дастгоҳи факс барои алоқаи байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, қариб 10 монитор насб карда шуданд. Ҳамаи ин ба хабарнигорон имкон медиҳад, ки ҷараёни мулоқотро мустақиман дар воситаҳои ахбори оммавӣ инъикос кунанд.








Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд






