МУЛОҚОТ ДАР АРАФАИ МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТИҶОРАТИИ СҲШ

Август 26, 2008 15:43

                 Душанбе,    25 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат  Давлатова). – Раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  ҷумҳурӣ  Шариф  Саид  дирӯз  бо  раиси  Палатаи  савдо ва  саноати  ҷумҳурии  Қирғизистон,  раиси  Шӯрои  роҳбарони  палатаҳои  савдо ва  саноати  ИДМ Борис  Перфилев  мулоқот  кард, ки  барои иштирок дар  маҷлиси  Шӯрои тиҷоратии  СҲШ  ба  Душанбе омадааст. Зимни  мулоқот  масъалаҳои  густариши  ҳамкорӣ  дар  доираи  Шӯрои  палатаҳои  ИДМ ва  Шӯрои  тиҷоратии  СҲШ,  равнақу  ривоҷи  муносибатҳои  тиҷоратию  иқтисодии  Тоҷикистону  Қирғизистон,  ташкили  намоишгоҳҳои  муштарак  ва  ғайра  муҳокима  шуданд.              Бояд  гуфт, ки  фасли  тобистони  соли  оянда  дар  шаҳри  Бишкек  маҷлиси  навбатии  Шӯрои  роҳбарони  палатаҳои  савдо ва  саноати  ИДМ  баргузор  мегардад. Иштирокчиёни он  имкониятҳои  ҳамкории  минбаъдаро  баррасӣ  менамоянд. Ш.Саид  ва  Б.Перфилев  паймон  карданд, ки  соли  2009  дар   шаҳрҳои  Душанбе  ва  Бишкек  мулоқоти  тоҷирону  соҳибкорони  ҳар  ду  мамлакатро  баргузор  созанд.

Август 26, 2008 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

31 июл дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ доир мегардад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мегардад
30 июл дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод нишасти матбуотӣ доир мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 109 фоиз таъмин гардид
ОГОҲӢ! Дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои вайрон намудани муҳити зист нисбат ба 1972 нафар санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад