МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН БО ҲОМИД КАРЗАЙ

Август 27, 2008 18:43

               Худи ҳамин рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ҳамчунин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд.             Дар вохўрӣ масоили татбиқи санадҳои зиёди ҳамкории байни ду кишвари дўсту ҳамсоя ва тадбирҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ шуд.            Лоиҳаҳои муштараки дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия ва энергетика, аз ҷумла сохтмони роҳҳою пулҳои оҳану мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ, нерўгоҳҳои обию ҳароратӣ ва ғайра дорои аҳамияти стратегӣ барои кулли минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ маънидод гардид.           Таваҷҷўҳи хос ба рўзномаи ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай зоҳир гардид.              Мусоҳибон ҳамчунин ба рушди ҳамкории минтақавии байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон мароқ зоҳир намуданд.             Муносибатҳои байни Тоҷикистону Афғонистон дорои дурнамои умедбахш барои мардумони ҳарду кишвар арзёбӣ гардид.

Август 27, 2008 18:43

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид