МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ВА ХУ ТСЗИНТАО БО ИШТИРОКИ ҲАЙАТҲОИ ВАСЕЪ
Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.Ҷонибҳо аз сатҳи баланд ва натиҷаҳои намоёни равобити байни сохторҳои дифоии ду кишвар ва болоравии ҳаҷми тиҷорати байниҳамдигарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Нақши роҳи мустақими мошингарди байни Тоҷикистону Чин аз тариқи Кулма дар болоравии ҳаҷми додугирифти молу маҳсулот бузург маънидод гашт.Татбиқи босифату босуръати лоиҳаҳои бузурги муштарак оид ба сохтмони роҳҳои мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерўи барқ ва умуман иштироки беш аз 80 ширкати чинӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон боиси қаноатмандии махсуси сарони ду давлати ҳамсоя шуд. Таъкид гардид, минбаъд ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои телерадиокоммуникатсия, саноати сабук ва хўрокворӣ, истихроҷ ва истифодаи ангишт, уран ва дигар канданиҳои фоиданок ва ҳамчунин дар бунёди нерўгоҳҳои обию ҳароратӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба болоравии боз ҳам бештари нуфузи эътибори созмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва таҳкиму тавсиаи ҳамгироиҳои байни аъзои он мусоидати фаъол мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






