МУЛОҚОТИ ХОСАИ ЭМОМАЛИ РАҲМОН ВА ХУ ТСЗИНТАО
Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар бинои боҳашамати Қасри Миллат нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао баргузор гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтаоро бо ҷараёни бобарори Бозиҳои Олимпии Пекин ва натиҷаҳои баланди нишондодаи варзишгарони Чин табрику таҳният гуфт ва изҳор намуд: «Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалиятҳои волои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст». Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Тсзинтао низ муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои муҳими сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии кишвари худ арзёбӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.








Тарзи амали маҷмуӣ: чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон шабакаро инкишоф медиҳад
Дар Тоҷикистон шумораи занони соҳибкор афзудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 81,7 миллиард сомонӣ баробар гардид
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияҳои Шаҳринав ва Сангвор нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов






